Отправляет email-рассылки с помощью сервиса Sendsay

latzpac (latzpac)

О себе

Дата рождения: 01.01.1982
Образование:  Степень, аспирантура, адьюнктура
Место проживания:  Брянская область
В авторах с: 01.1995
Сайт автора: http://zlat-paket.ru/produktsiya/khoz-bytovye-tovary/tualetnaya-bumaga.html
О себе:
Мутобиқи омори байналмилалӣ  то 80 фоизи ярчҳои муосир бо фаъолияти инсон алоқаманданд. Аксарияти бештари ярчҳо (90 фоиз) дар кӯҳҳо, дар баландии аз 1000 то 1700 метр ба вуҷуд меоянд.   Ярчҳо метавонанд дар  ҳамаи нишебиҳо, аз нишебии 19 дараҷа оғоз карда, ба вуқӯъ пайванданд. Вале дар заминҳои гилдор онҳо дар нишебии 5-7 дараҷа сар мезананд. Барои ин рутубати зиёди ҷинсҳо басанда аст. Мутобиқи миқёс ярчҳо бузург, миёна ва хурдҳаҷм мешаванд. Одатан, ярчҳои калонҳаҷм бо сабабҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд ва қад-қади нишебиҳо ба тӯли садҳо метр пайдо мешаванд.  Ғафсии онҳо 10-20 ва зиёда метрро фаро мегирад. Аксар вақт баданаи ярч яклухтии худро нигоҳ медорад. - 21   Ярч. Деҳаи Қиблаӣ, ноҳияи Рӯдакӣ, моҳи марти соли 2005  Ярчҳои миёна ва хурдҳаҷм андозаҳои камтар доранд ва барои равандҳои антропогенӣ хосанд. Аксар вақт миқёс майдонеро ифода менамояд, ки ба раванд ҷалб аст. Дар ин маврид онҳо ба ярчҳои азим  -  400 га ва бештар аз он, хеле калон –  200-400 га, калон -  100-200 га, миёна -50-100 га, хурд - 5-50 га ва хеле хурд, -то 5 га тақсим мешаванд. Мутобиқи суръат ярчҳо гуногуншакланд, ки дар ҷадвали мазкур ҳувайдост. Дар  ҳудуди Тоҷикистон ярч падидаи бештар паҳншуда буда, зиёда аз 50  ҳазори он ба  қайд гирифта шудааст. Онҳо ба сейсмогенӣ  ва  ғайрисейсмогенӣ  гурӯҳбандӣ  мешаванд. Сабаби асосии ярчҳои сейсмогенӣ  заминҷунбиҳои сахттарин мебошад. Миқёси чунин ярч нисбатан ба ярчҳои муқаррарӣ якчанд (10-15) маротиба зиёдтар аст ва онҳо дар мавридҳои алоҳида ба масофаи якчанд километр аз девораи  ҷудошавӣ ҷой иваз мекунанд. Мисоли ин метавонад ярче бошад, ки пас аз заминҷунбии 9-10 баллаи  Ҳоит ба вуҷуд омад. Бо суръати баланд  ҳаракат намуда, ярч шумораи зиёди деҳаҳоро ба хок яксон намуда, дар зери худ ҳаёти 28  ҳазор одамонро дафн кард. Дар баробари ярчи асосӣ, дар як замон, дар масоҳати бузург садҳо ярчҳои дигар ба вуҷуд омаданд, ки ба ноҳияҳои  Ҳоит, Тоҷикобод,  Ғарм ва  Ҷиргатол зарари бузург расониданд. Ба сифати мисоли дигар метавон фурӯравии ярчеро овард, ки пас аз заминҷунбии Сарез дар соли 1911 бавуҷудомада, дар Помири Марказӣ сар зад. Дар зери шикастпораҳои тӯдаи харсангу кулӯхпораҳо деҳаи Усой бо ҳамаи сокинони он пурра шудаанд 12   Сахт фалокатовар   Тағйирот дар замин ба андозаҳои азим мерасад, тарқишҳои сершумор Суръат Баҳодиҳӣ ба ҳаракат 3 м/сония   Аз ҳад тез 0,3 м/дақиқа   Хеле тез  гӯр шуданд. Бо ярчи монеашуда, дарёи Мурғоб ба зудӣ деҳаи бузурги Сарезро зери об кард. Кӯли ба вуҷудомада ба номи Сарез номгузорӣ шуд. Дар ҳоли ҳозир, масоҳати кӯл 80 км ва дарозии он наздики 70 км-ро ташкил медиҳад. Ярчҳо ва фурӯравиҳои  ғайрисейсмикӣ  бо омилҳои маълум алоқаманданд. Омилҳои бештар муҳими онҳо бо дарё шуста шудани таҳкурсии нишебии кӯҳ,  бодлесшавии (эрозияи) сой (ҷарӣ),  таъсироти гидрогеологӣ  ва техногенӣ  мебошанд. Дар мавриди чунин ярчҳо омили сейсмикӣ  метавонад тобеъ бошад. Мисоли ин метавонад ярче бошад, ки  қисми деҳаи Шарораро дар ноҳияи Ҳисор ба зери худ гӯр кардааст. Сабаби асосии пайдо шудани ярч обёрии бениҳоят фаъол, мунтазам хориҷ шудани об аз канали обёрии  қад-қади нишебӣ  сохташуда ва сероб шудани қисми болоии он аз ин об буд. Механизми барангезандаи он заминҷунбии 23-юми январи соли 1989 буд. Дар зери ин ярч бештар аз 200 нафар сокинони деҳаҳои Шарора, Оқкӯли Боло, Оқкӯли Поёни ноҳияи Ҳисор дафн шуданд. Селҳо  –  ин туғёни об бо омехташавии тамаркузи калони заррачаҳои минералӣ, сангҳо ва шикастпораҳои ҷинсҳои кӯҳӣ (аз10-15 то 75 дар сади андозаи ҷараён) аст, ки дар ҳавзаҳои дарёҳои кӯҳии хурд ва оббурдаҳои (ҷариҳои) хурд ба вуҷуд меоянд ва одатан, сабабгори онҳо, боришҳои сел, аҳёнан обшавии пуршиддати барфҳо,  ҳамчунин рахнаи садди кӯлҳо, фурӯравӣ, ярч, заминҷунбӣ мебошанд. Мутобиқи таркиби маводи сахти овардашаванда  ҷараёни селҳо метавонанд лоӣ (омехташавии об бо хоки маҳин ва тамаркузи ками сангҳо, вазни дорои  ҳаҷми v = 1,5-2 т/м3), лоиву сангӣ (омехташаи об, шағал, сангреза, сангҳои хурд v = 2,1-2,5 т/м3) ва обиву  сангӣ (омехтаи об бо бартарии сангҳои калон v = 1,1  –  1,5 т/м3) бошанд. Суръати  ҷоришавии ҷараёни сел одатан, 2,5-0,4 м/с-ро ташкил мекунад, вале дар мавриди рахна кардани монеаҳо он метавонад ба 8-10 м/с ва бештар аз он расад.